Шариф Ҳусейнов — сармуҳаррири «Паёми Душанбе»
Душанбе, 31.12.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 30 декабр Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷараёни машварати корӣ, ки дар он масоили марбут ба ҷойгузории кадрҳо дар маъмурияти раёсати шаҳр мавриди баррасӣ шуданд, тасмим гирифт, ки Шариф Ҳусейнов сармуҳаррири рӯзномаи шаҳрии «Паёми Душанбе» таъйин карда шавад.Тавре ки котиби матбуоти раиси пойтахт Шавкат Саидов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, аз ин пеш вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи «Паёми Душанбе» — ро Мухбирҷон Кенҷаев ба ӯҳда дошт, ки мавсуф ба кори дигар гузаронида шудааст.Қобили зикр аст, ки рӯзномаи «Паёми Душанбе» аз 1 январи соли 1990 рӯи чоп омада, дар саҳифаҳояш на фақат фаъолияти маъмурият ва сохторҳои пойтахт, балки тамоми ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии шаҳри Душанберо инъикос менамояд. Дар саҳифаҳои рӯзнома хамаи масоили мубрами шаҳр ва фаъолияти сохторҳои пойтахт ва ашхоси алоҳидае, ки ба рушди шаҳри Душанбе саҳм мегузоранд, холисона инъикос меёбанд. Соли 2002 журналисти боистеъдод ва ходими намоёни журналистикаи тоҷик Мухбирҷон Кенҷаев роҳбарии гурӯҳи эҷодии рӯзномаро ба ӯҳда гирифт. Дар ин рӯзнома журналистони касбӣ аз қабили Мирзопӯлоди Тошбек, Абдуғаффори Шаҳзод, Ҷамоли Абдулҳай, Шаҳлои Абдуалим, Бахтиёри Воҳидпур ва дигарон солҳои зиёде фаъолият доранд.Ёдовар мешавем, ки рӯзномаи «Паёми Душанбе» ҳар ҳафта ду маротиба ба забони тоҷикӣ ва русӣ чоп мешавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






