Шикасти амалиёти нашъаҷаллобон
Душанбе, 1.12.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Бо назардошти хавфу хатарҳои марговари маводи нашъадор кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ муборизаро алайҳи он пурзӯр намуда, пайваста амалиёти махсуси фавриву ҷустуҷӯӣ доир менамоянд.
Кормандони фаврии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода як гурӯҳи ҷиноятпешаро дастгир намуданд, ки ба нигоҳдошт, интиқол ва фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор машғул буд.
Бо гирифтани маълумоти фаврӣ гумрукчиёни шаҳри Турсунзода муайян менамоянд, ки сокини шаҳри Истаравшани вилояти Суғд Шавқат Муқимов, сокини шаҳри Чкаловск, Амирхон Исломов, сокинони ноҳяи Бохтари вилояти Хатлон, Имомалӣ Гиёев ва Зафар Сабуров бо маслиҳати пешакӣ, мехостанд миқдори зиёди маводҳои нашъадорро ба фурӯш бароранд.
Ҳамин тариқ, 13 ноябри соли равон амалиёти ин гурӯҳи ҷинояткор дар роҳи мошингарди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд барҳам зада шуда, аз онҳо 14 килограмму 940 грамм маводи навъи афюн мусодира шуд.
Дар давоми амалиёти фаврӣ 15-уми ноябр 4 килову 80 грамм афюн, ки бар ивази 2000 доллар фурӯхта мешуд ва 19-уми ноябр 9 килову 130 грамм маводи афюн мусодира ва ҳар чор нафар боздошт гардид.
Нишондоди дастгиршудаҳо муайян кард, ки роҳбари ин гурӯҳи ҷиноӣ шаҳрванд Гиёев Имомалии 42- сола, доғи судӣ дорад ва пеш бо моддаҳои 201 ва 200 Кодекси Ҷиноии ҶТ аз озодӣ маҳрум гаштааст, мебошад.
Бо зиракӣ ва кордонии кормандони Хадамоти гумрук боз як амалиёти нашъаҷаллобӣ пешгирӣ ва аз онҳо зиёда аз 28 кило маводи нашъадор мусодира шуд. Бо бурдани тафтишот ва барқарории адолати судӣ ин чор нафар шахси ҷиноятпеша ҷазои сазовор хоҳад гирифт.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






