Шиносоии А. Қодирӣ бо ҷараёни сохтмони марказҳои савдо

Декабрь 19, 2014 10:37

Душанбе, 19.12.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва барқароркунии марказҳои савдое, ки аз сӯхтор зарар дидаанд, ба ин мавзеъ омад.
Ба иттилои  хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд,  зимни шиносоӣ таъкид шуд, ки дар сохтмони нуқтаҳои савдо  то имрӯз пойдевори асосӣ бардошта шуда, корҳои сохтмонӣ бо риояи талаботи меъморӣ идома доранд. Раиси вилоят зимни боздид ба роҳбарони марказҳои савдо ва шахсони масъул супориш дод, ки корҳои сохтмонӣ ҷоннок шуда, барои минбаъд пешгирӣ намудани ҳолатҳои нохуш сохтмон бояд ба талаботи зиддисӯхторӣ ҷавобгӯ бошад.
Ҳамчунин дастур дода шуд, ки дӯконҳои шафати муҷассамаи шаҳидон, ки ба риояи талабот халал ворид месозанд, бардошта шаванд.
Раиси вилоят ҳамзамон дастур дод, ки корҳои сохтмонӣ дар вақти муайяншуда ба итмом расида, соҳибкороне, ки мағозаҳояшон дар сӯхтор талаф ёфтааст, бо ҷойҳои нав таъмин  шаванд.
Лозим ба ёдоврист, ки баробари фаъолияти дубораи марказҳои савдо наздик ба 200 нафар соҳибкор ҷойи кори худро барқарор хоҳад кард.
 
 
 

Декабрь 19, 2014 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!