Шоҳҷоизаи гӯштигири ҷавони тоҷик
Душанбе, 24.12.2014. (АМИТ «Ховар»).- Гӯштигири тарзи дзюдои тоҷик Сулаймони Ҷамшед дар мусобиқоти байни кӯдакону наврасон барои дарёфти шоҳҷоизаи «Витяз», ки дар шаҳри Барнаули Федератсияи Русия баргузор гардид, медали тилло ба даст овард.
Тавре ки аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, Сулаймон, ки шогирди мураббӣ Ҳамзалӣ Раҳматов мебошад, дар вохӯрии ниҳоӣ дар вазни 50 килограмм Ерболат Рамазоновро (аз Қазоқистон) мағлуб сохт.
Дар ин мусобиқот, ки аз 19 то 21 декабр дар Маҷмааи варзишии «Победа» баргузор гардид, 240 нафар варзишгарони ҷавони Русия, Қазоқистон ва Тоҷикистон аз рӯи даҳ намуди вазн қувваозмоӣ намуданд.
Ғолибони мусобиқа бо ифтихорнома, медалу ҷомҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадр карда шуданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






