Шудгори шабонарӯзӣ бо истифода аз шароити мусоид
Кӯлоб, 10.12.2014 (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Ба иттилои раёсати кишоварзии минтақаи Кӯлоб соли ҷорӣ нишондодҳои шудгору кишт нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар минтақа беҳтар аст.
Аз рӯи нақша деҳқонони минтақаи Кӯлоб бояд майдони 133 ҳазору 532 гектарро аз шудгори хушсифат бароранд ва то 30-юми ноябр майдони 76 ҳазору 199 гектар шудгор шудааст.
Накшаи кишти тирамоҳӣ 68 ҳазору 414 гектар буда, то имрӯз майдони 62 ҳазору 766 гектар кишт гардидааст, ки 91,7 фоизро ташкил медиҳад. Дар гузаронидани шудгору кишт ноҳияҳои Данғараю Ховалинг пешсаф буда, иҷрои нақшаро ба 95 фоиз расонидаанд. Дар ин ноҳияҳо барои кишт тухмии хушсифат дастрас шудааст.
Тавре ки Ҳабибулло Ҳикматуллоев, иҷрокунандаи вазифаи муовини аввали раиси ноҳия гуфт, ки дар айни замон дар ҳамаи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бо истифода аз шароити мусоид шудгори шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






