Соҳиби Ҷоми «Мегафон» муайян шуд
Душанбе, 23.12.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Донишҷўёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар мегафоруми “Мегафон-Тоҷикистон” иштирок намуда, соҳиби Ҷоми ширкати мобилии «Мегафон» гардиданд.
Гуфта мешавад, ки ширкати мобилии «Мегафон-Тоҷикистон» маротибаи чорум аст, ки дар ҳудуди вилояти Суғд мегафорумро миёни муассисаҳои олии вилоят доир менамояд. Мегафоруми имсола низ дар маҷлисгоҳи боҳашамати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар он донишҷўёни 5 муассисаи олии вилоят, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдо ва Донишкадаи кўҳӣ-металлургии шаҳри Чкалов дар мавзўи «Интернети оянда» лоиҳаҳои барномаи худро муаррифӣ намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






