Сохтори Маҷлиси миллӣ тағйир меёбад?
Душанбе, 24.12.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Сохтори Маҷлиси миллӣ ё худ палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон дар соли 2015 тағйир намеёбад ва дар маҷмӯъ шумораи кормандони он 52 нафарро ташкил хоҳад дод. Ин матлабро 24 декабр раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷараёни баргузории иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллӣ дар Душанбе зикр кард.
Бояд тазаккур дод, ки 24 декбар аъзои Маҷлиси миллӣ дар радифи баррасӣ ва ҷонибдории нӯҳ масъалаи рӯзномаи иҷлосияи бистуми палатаи болоии Парлумон, инчунин тибқи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтор, рӯйхати вазифаҳо, шумораи кормандони дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли 2015 тасдиқ карданд.
Масъалаи мазкурро дар назди аъзои палатаи болоии Парлумони мамлакат Мизроб Кабиров -роҳбари дастгоҳи Маҷлиси миллӣ пешниҳод намуда, дар бораи ҷузъиёти он ба таври возеҳ гузориш надод.
Бояд зикр кард, ки Маҷлиси миллӣ — палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон маҳсуб ёфта, соли 2000 таъсис шудааст. Он аз 33 аъзо иборат буда, 8 нафари он аз ҷониби Президенти кишвар таъйин шуда, боқимондааш аз ҷониби вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба муддати панҷ сол интихоб мешаванд. Инчунин Президенти нахустини Ҷумҳурии Тоҷикистон Каҳҳор Маҳкамов аъзои доимии Маҷлиси миллӣ мебошад. Интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ ё худ палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон баъд аз 25 рӯзи баргузории интихоботи Маҷлиси намояндагон гузаронида мешавад. Тибқи Фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон интихоботи аъзои нави Маҷлиси миллӣ 27 марти соли 2015 таъйин шудааст.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд






