Сохтори МН МО ҶТ барои соли 2015 тасдиқ мегардад

Декабрь 3, 2014 09:14

Душанбе, 3.12.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Интизор меравад, ки имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми палатаи поёнии Парлумони мамлакат сохтор, рўйхати вазифаҳо ва нақшаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015 баррасӣ ва тасдиқ шавад. Ҳамзамон доир ба иҷрои сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014 дар назди вакилон роҳбари дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Расулов гузориш хоҳад дод. Инчунин вакилони Парлумон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», „Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ“, «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ ва қабул хоҳанд кард. Дар ҷараёни ҷаласа Созишномаи грантӣ оид ба кумаки техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд вобаста ба дастгирии Лоиҳаи «Пешгирии гузаштани ВИЧ/СПИД аз модар ба кӯдак дар Тоҷикистон» муҳокима шуда, ба тасвиб хоҳад расид.

Декабрь 3, 2014 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад