Сокини 21- сола бо героин дастгир шуд
Душанбе, 25.12.2014 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти думарҳила кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳудуди ноҳияи Ҷаббор Расулов сокини 21-солаи маҳаллиро дастгир намуданд. Аз дастгиршуда як адад бастаи полиэтиленӣ бо маводи хокамонанди бӯи махсус дошта мусодира гардид.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти агентӣ хабар доданд, тафтишоти пешакӣ нишон дод, ки дастгиршуда нияти маводи нашъаовари героинро дар ҳудуди вилоят фурӯхтан дошт.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур аз тарафи шуъбаи тафтишоти Раёсати агентӣ бо моддаи 200 қ.3 КҶ ҶТ (“Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори калон”) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид.
Боздоштшуда ба тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Раёсати агентӣ ворид шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






