Соли Нав муборак, ҳамдиёрони азиз!
Душанбе, 30.12.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 1 январ Соли Нави 2015 — соли Гӯсфанд фаро мерасад. Мувофиқи Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 1 январ рӯзи ид ба шумор меравад. Тавре ки аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, азбаски дар ҷумҳурӣ 1 январ ба рӯзи кории ҳафта, яъне панҷшанбе рост меояд, мардуми Тоҷикистон 1 рӯз истироҳат мекунанд.
2 январи соли 2015 рӯзи корӣ аст.
Дар арафаи Соли Нав, хусусан дар кӯдакистону мактабҳо чорабиниҳои мухталифи идона рӯи кор оварда мешаванд. Дар майдони асосии Тоҷикистон — «Дӯстӣ» арчаи 22 метраи солинавӣ гузошта шудааст. 31 декабр дар ин майдон аз соати 19 — 00 то 21 — 00 консерти бошукӯҳи ситораҳои эстрадаи тоҷик баргузор гардида, дар анҷоми он муддати 5 дақиқа мушакпарронӣ мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






