Сомонаи нави таҳлилӣ ба кор даромад
Душанбе, 09.12.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Институти инъикоси ҷангу амон дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи нав — сомонаи таҳлилии дафтари журналистикаи таҳлилии Осиёи Марказӣ CABAR (Central Asian Bureau for Analytical Reporting) — ро рӯи кор меорад. Тавре ки аз намояндагии институти мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, сомонаи CABAR — ро кормандони институт дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон роҳандозӣ мекунанд.Вазифаи CABAR иборат аз мусоидат ба фароҳам овардани механизмҳои муколамаи судманди байни ВАО, ниҳодҳои давлатӣ ва намояндагони бахши шаҳрвандии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба манзури тарҳрезии муштарак барои бартараф намудани монеаҳои ҳамкории минтақавӣ мебошад. «Ба назари мо CABAR марказе мегардад, ки коршиносони ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд, дар он диди худро перомуни ин ё ва он масоили дорои аҳамияти ҳаётан муҳими на фақат кишварҳои алоҳида, балки тамоми минтақа низ баён намоянд. Дар сомона фақат маводи беғаразонаи таҳлилӣ, таҳқиқи журналистӣ, радио ва гузоришҳо на фақат ба забонҳои русию англисӣ, балки ба забонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳам интишор мешаванд», — хабар дод манбаъ.Ғайр аз ин дар сомона маълумот дар бораи фаъолияти намояндагии институти зикршуда дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, перомуни лоиҳаҳою озмунҳо барои журналистон ва намояндагони бахши шаҳрвандӣ интишор мегардад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






