Сотсиал -демократҳо 22 номзад пешбарӣ кардаанд

Декабрь 29, 2014 11:58

 Душанбе, 29.12.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон /ҲСДТ/ дар анҷумани 14-уми пеш аз интихоботии худ, ки 27 декабр дар қароргоҳи ин ҳизб дар Душанбе  баргузор гардид, 22 нафарро ҳамчун номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба интихоботи парлумонии соли 2015 пешбарӣ кард. 
         Амният Абдулназаров, Раҳматилло Зоиров, Файзиниссо Воҳидова Бузурмеҳр Ёров, Шӯҳрат Қудратов, Улфатхонум Маҳмадшоева, Ҳоҷимуҳаммад Умаров, Мирҳусейн Назриев дар рӯйхати номзадҳои ҳизби сотсиал- демократии Тоҷикистон қарор доранд.
           Мавриди зикр аст, ки 1 марти соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  
интихоботи навбатии парлумонӣ доир мегардад, ки Комиссияи марказии  интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоди масъул ва салоҳиятдор вобаста ба баргузории ин чорабинии муҳими сиёсӣ дар кишвар маҳсуб мешавад.      

Декабрь 29, 2014 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд