Сотсиалистҳо ҳам номзадҳояшонро пешбарӣ карданд
Душанбе, 15.12.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар Душанбе таҳти раёсати раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон /ҲСТ/ Абдуҳалим Ғаффоров Анҷумани навбатии ҳизби мазкур баргузор гардид. Дар Анҷуман дар радифи масъалаҳои вобаста ба фаъолияти ҲСТ ва дурнамои он, инчунин ҳафт нафар аъзои ҲТС ҳамчун номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардиданд. Ба рӯйхати номзадҳои ба вакили палатаи поёнии Парлумони мамлакат пешбарӣ гардида Абдуҳалим Ғаффоров, Ниёз Ҷумаев, Зариф Наимов, Мавҷуда Раҷабова, Изатулло Ғаниев, Маъруфхӯҷа Юсуфов ва Фаррух Боқиев шомил мебошанд. Бояд тазаккур дод, ки алҳол дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон 8 ҳизби сиёсӣ фаъолият дошта, аз он 5 -тоаш дар Парлумони мамлакат намоянда дорад. Инҳо Ҳизби Халқӣ- Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон /ҲИИТ/, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон /ҲКТ/, Ҳизби аграрии Тоҷикистон /ҲАТ/ ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон /ҲНИТ/ мебошанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






