Созишнома миёни Тоҷикистон ва ширкати муштарак
Душанбе, 10.12.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Вакилони Маҷлиси намояндагон Созишнома дар бораи принсипҳои асосии ҳамкории байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати муштараки «Trans-Tajik Gas Pipeline Company Ltd»-ро ба тавсиб расониданд. Тибқи он татбиқи қитъаи тоҷикистонии хати чоруми интиқоли гази Осиёи Миёна ба Чин моҳи апрели соли 2015 шурӯъ гардида, соли 2020 ба анҷом расонида мешавад».Дар асоси Созишномаҳои ба имзо расида, ҳар кадоме аз тарафи ширкатҳои муштарак ба фонди оинномавӣ ба миқдори 300 миллион $ ворид менамоянд. Дар асоси заминаи 1-и Созишномаи байниҳукуматӣ маблағи саҳҳомони тоҷикистонӣ аз тарафи саҳҳомони чиноӣ аз тариқи қарзи дарозмуддат ба муҳлати 26 сол, ки аз он 6 солаш имтиёзист, бо 2,7%-и солона ҷудо мешавад.
Зимни тавзеҳи санади мазкур дар назди вакилон Саидаҳмад Шамсиддинзода- раиси Ҷамъияти саҳҳомии «Тоҷиктрансгаз» гуфт, ки ин хати интиқоли газ хати чоруми газгузари Осиёи Миёна -Чин буда, аз Туркманистон сарчашма гирифта, тавассути қаламрави Ӯзбекистон бо тӯли 200 км, Тоҷикистон 391 км ва Қирғизистон 210 км ба Чин ворид мегардад. Ин хати интиқоли газ аз Туркманистон ба Чин аз хатҳои 1, 2 ва 3, ки аллакай амал мекунанд ва тавассути Ӯзбекистону Қазоқистон ба Чин мегузаранд, беш аз 1000 км кӯтоҳ буда, вале масири душворгузарро убур менамояд. Барои бунёди лӯлаи газгузари мазкур дар Тоҷикистон сохтмони 45 адад тунел бо тӯли 75 км, 24 адад гузариши зериобии лӯлаи газ ба нақша гирифта шудааст. Қутри ин лӯлаи газгузар 1219 мм аст.
Назар ба иттилои роҳбари «Тоҷиктрансгаз» сохтмони хати лулаи гази мазкур дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон аз тариқи ширкатҳои муштарак сохта мешавад. Барои сохтмони ин хати лӯлаи газ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайр аз маблағи оинноммавии ширкати муштарак, ки 600 миллион $ -ро ташкил медиҳад, инчунин қарзи иловагӣ ба маблағи 2, 6 миллиард $ зарур аст, ки дар маҷмӯъ арзиши лоиҳа 3,2 миллиард $ -ро ташкил медиҳад. Ин маблағро ширкати муштарак ҳамчун қарз аз ширкати молиявии Гонконг мегирад. Ҳисобҳои пешакӣ нишон медиҳанд, ки даромади умумии корхонаҳои муштарак дар давоми 32 соли фаъолият 15 миллиард $-ро ташкил дода, ба буҷети кишвар 1 миллиарду 248 миллион $ андози ягона, яъне 8 фоиза, инчунин ба саҳҳомони Тоҷикистон 2, 5 миллиард $ суди саҳмияҳо пардохт мешавад.
Мавриди зикр аст, ки Созишнома дар бораи принсипҳои асосии ҳамкории байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати муштараки «Trans-Tajik Gas Pipeline Company Ltd» моҳи сентябри соли 2014 дар Душанбе ба имзо расида, ҳадафаш татбиқи лоиҳаи қитъаи тоҷикистонии интиқоли лӯлаи гази Осиёи Марказӣ-Чин, инчунин ташкил, ҷалб ва ҳифзи сармоягузорӣ аст. Мавриди зикр аст, ки дар давоми татбиқи лоиҳаи мазкур, ки тӯли се сол идома хоҳад ёфт, беш аз се ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон бо ҷои кор таъмин мешавад.








Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст






