Созишномаи байни Тоҷикистону Афғонистон тасдиқ гардид
Душанбе, 25.12.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Тоҷикистону Афғонистон дар ояндаи наздик имкон доранд намояндагиҳои худро дар назди вазорати корҳои дохилии ҳар ду кишвар ифтитоҳ намоянд. Дар робита ба ин вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон «Созишнома оид ба ҳамкории гуногунҷабҳа байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон»-ро тасдиқ намуданд.
Умарзода Икром Ислом-муовини вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ санади мазкурро дар назди вакилони Парлумони мамлакат тавзеҳ дода гуфт, ки Созишнома 27 марти соли 2014 дар шаҳри Кобул ба имзо расида, аз муқаддима ва 12 модда иборат аст. Ҳадафи он тавсеаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвари ҳамҷавор -Тоҷикистон ва Афғонистон дар самти мубориза бо ҷиноятҳои вазнин, муташаккилона ва фаромиллӣ мебошад.
Дар асоси санади мазкур вазоратҳои корҳои дохилии ду кишвар дар самти пешгирӣ, ошкоркунии ҷиноятҳои вазнину муташаккилона, ба мисли мубориза алайҳи терроризм, маблағгузории терроризм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, силоҳи оташфишон, одамрабоӣ, харидуфурӯши одамон, коррупсия ва дигар ҷиноятҳои хусусияти фаромиллидошта ҳамкориро тақвият мебахшанд.
Инчунин дар асоси созишномаи мазкур мақомоти салоҳиятдори /ВКД/ Тоҷикистону Афғонистон бо риояи қонунҳои байналмилалӣ, ҳамкориро дар бахши табодули иттилооту таҷриба, расонидани кумак, иҷро намудани дархостҳои ҷонибҳо, таъмини махфияти ҳуҷҷатҳо тавсеа медиҳанд.
Назар ба андешаи вакили Маҷлиси намояндагон Саттор Холов Созишномаи мазкур дар кушодани ҷиноятҳои вазнин, муташаккилона, фаромиллӣ ва мубориза бо дигар зуҳуроти номатлуби замони муосир нақши муассир мебозад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






