Суғд: ҳалокати 23 наврас дар садамаҳои нақлиётӣ
Хуҷанд, 26.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Содиршавии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ дар роҳҳои нақлиётгарди ҳудуди вилояти Суғд бо иштироки пиёдагардон, хосатан кӯдакону наврасони то 16- сола боиси нигаронии кормандони БДА-и вилоят гардидааст. Чанде қабл дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беэҳтиётии ронандаи мошин ба содиршавии боз як ҳолати садамаи наклиётӣ бо иштироки ноболиғи 10- сола расонид. Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз маркази матбуоти Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суғд иттилоъ доданд, мувофиқи таҳлилҳои расмӣ дар давоми 11 моҳи соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди қаламрави вилоят бо иштироки кӯдакону наврасони то 16- сола 76 ҳодисаи роҳу нақлиётӣ рух додааст, ки бар асари он 23 кӯдаку наврас ба ҳалокат расида, 62 нафари дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошт.Дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ин муддат бо иштироки кӯдакону наврасони то 16-сола 16 ҳодисаи роҳу наклиётӣ рух дод, ки боиси ба ҳалокат расидани 4 кас ва ҷароҳати гуногун бардоштани 15 каси дигар гашт.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






