Суғд: боздошти ду милитсионери “қалбакӣ”

Декабрь 4, 2014 16:30

Хуҷанд, 4.12.2014. (АМИТ “Ховар”,Абдуаҳад Шарифзода).-Дар вилояти Суғд зимни бурдани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ ду тан милитсионери “қалбакӣ” дастгир  шуд. 
Тавре  ки ба АМИТ “Ховар” корманди РВКД ҶТ дар Суғд М.Юсупов хабар дод,  1-уми декабри соли ҷорӣ ба шуъбаи  ВКД дар ноҳияи Б. Ғафуров аз номи ду тан истиқоматкунандаи маркази вилоят, ноболиғон, хонандагони яке аз мактабҳои шаҳри Хуҷанд Т.Ш  ва С.А. ариза ворид гардид. Мувофиқ ба маълумоти ин ду ноболиғ 28-уми ноябри соли ҷорӣ онҳоро, ки дар даст маводи тарфгарӣ (хлопушка) доштанд, дар ҳудуди ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Б. Ғафуров шахсони номаълум бо мошини тамғаи “Даймлер-бенс” омада, худро кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муаррифӣ намуда, боздошт карданд.
Баъдан шиносномаи ноболиғ С. А-ро  кашида гирифта, бо баҳонаи аз ҷавобгарии  ҷиноятӣ  озод намудан, аз онон 200 доллари ИМА-ро гирифтаанд. 
Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони милитсияи ноҳия ду нафар истиқоматкунандаи ноҳияи Б.Ғафуров, шаҳрвандон Ҷаҳонгир Ваҳҳобови 24- сола, корманди оддии неругоҳи барқи обии “Дӯстии халқҳо”-и шаҳри  Қайроққум ва Муҳаммад Латипови 25-сола, корманди ширкати  мобилии “Beeline” боздошт шуда, аз онҳо далели шайъӣ гирифта шуд. 
Нисбат ба дастгиршудагон бо моддаи 247 қисми 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст. 
 

Декабрь 4, 2014 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!