Суғд: Ошкоршавии амалҳои ҷиноятӣ
Хуҷанд, 6.12.2014. (АМИТ “Ховар”,Абдуахад Шарифзода).-Тавре ки ба АМИТ “Ховар” корманди Раёсати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Суғд М.Юсупов иттилоъ дод, ба кормандони милитсияи Суғд муяссар гардид, ки боз як ҳолати дуздиро ошкор созанд.
Ба гуфти манбаъ , мувофиқ ба аризаи ворид гардида, санаи 25 ноябри соли ҷорӣ шахсони номаълум ба хонаи истиқоматии шаҳрванди 55-солаи маркази вилоят Рустам Абдуллоев ворид гардида, 1адад “Notebook”, гӯшвори тиллоӣ, дастпона ва чанд ҷавоҳироти тиллоиро ба маблағи умумии 10 ҳазору 500 сомонӣ рабудаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дуздон муайян шуданд. Инҳо Абдурозиқ Раҳимови 24- сола, истиқоматкунандаи деҳаи Оқтоқи ҷамоати деҳоти Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ, ки низ солҳои 2005, 2006, 2007, 2008 бо моддаи 244 қисми 2, 238 қисми 2 ва 249 қисми 2-и КҶ ҶТ суд шудааст, Фаридун Иброҳимови 24-сола, истиқоматкунандаи шаҳри Кӯлоб, ки соли 2001 бо моддаи 244 қисми 2, 245 қисми 2 , 249 қисми 3-и КҶ ҶТ низ суд шудааст ва ноболиғ Ш.Д-и 16-сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Фархор мебошанд.
Далели шайъӣ қисман гирифта шуда, оид ба ин ҳодиса маводи ҷамъовардашуда бо моддаи 244 ( дуздӣ) ва 249 (роҳзанӣ) ҳамроҳ карда шуда, тафтиш идома дорад.
Бояд гуфт, ки ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ шаби 28 ва 29 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Истаравшан ба ҳавлии истиқоматии сокини 53- солаи ноҳияи Истаравшан Ҳошим Ашӯров даромада, аз сандуқи оҳанин маблағҳои пулӣ, дар маҷмӯъ 301 ҳазор сомониро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






