Суҳбати Президент бо кадрҳои ба вазифаҳои нав пешниҳодшуда
Душанбе, 24.12.2014 (АМИТ «Ховар»).- Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои нав дар мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба кори содиқонаю софдилона, мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои мардум ва умуман таъмини волоияти қонун дар ҷомеа ҳидоят намуд. Ҳамин тариқ, прокурорҳои шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Кӯлоб, Носири Хусрав, Восеъ, Рӯдакӣ, Рашт, прокурорҳои ҳарбии гарнизонҳои Душанбе, Рашт ва Хоруғ, прокурори нақлиётии вилояти Суғд, сардорони ду раёсати Прокуратураи генералӣ ва машваратчии калон-сардори шуъбаи амнияти ҷамъиятии Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз карда шуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






