«Суруди сол»-озмуни ҷумҳуриявӣ
Душанбе, 25.12.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-27-уми декабри соли ҷорӣ дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» даври ҷамъбастӣ ва консерти пуршукӯҳи ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Суруди сол» баргузор мегардад.
Чорабинии мазкур бо ибтикор ва ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол дар шаклу пешниҳоди нав доир мешавад.
Тайи се моҳи охир тавассути паёмҳои СМС ва овоздиҳии кушода суруду оҳангҳо ва овозхонҳои беҳтарини соли сипаришуда муайян гардиданд.
Дар натиҷа ба даври ниҳоӣ 23 овозхони шинохтаи эстрадаи муосири тоҷик роҳ ёфт.
Диплому ҷоизаҳои озмунро дар маросими бошукӯҳ ба ситораҳои эстрадаи тоҷик шахсиятҳои маъруфи ҷумҳурӣ месупоранд.
Шакли телевизионии озмуни ҷумҳуриявии «Суруди сол» дар шаби Соли нав манзури тамошобинон мешавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






