Тағйирот ба лоиҳаи қонун дар бораи прокуратура
Душанбе, 17.12.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон 17 декабр ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид намуданд.
Дар асоси моддаи 33-и лоиҳаи Қонуни конститутсионии мазкур танҳо прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввал ва муовинони он, сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, прокурорҳои Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, прокурорҳои шаҳру вилоятҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда, метавонанд дар мавридҳои пешбининамудаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст ва тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боздошти шаҳрвандони хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд иҷозат диҳанд.
Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода-раиси комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба назорати дастур ва ташкили кор ва Насрулло Маҳмудов- вакили палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонуни конститутсиониро дар назди вакилон шарҳ доданд. Зикр шуд, ки лоиҳаи қонуни конститутсионӣ асосҳои ҳуқуқии фаъолияти мақомоти прокуратураро муқаррар намуда, ба самаранок гардидани фаъолияти мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст.
Моддаи 12 -и лоиҳаи қонун асосҳои пеш аз муҳлат аз вазифа озод намудани прокурор — интихоб шудан ба мақомоти намояндагӣ ва бинобар вайрон кардани муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бо коррупсия ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳоро ба танзим дароварда, моддаҳои 2, 17,19, 20 ва 27 ба аниқ намудани мансабҳои вазифавӣ дар мақомоти прокуратура, вазъи ҳуқуқии муовинон ва муовини аввал ва мафҳуми прокурорҳои ба шаҳру ноҳияҳо баробаркардашударо муайян мекунад.
Вазифа ва салоҳиятҳои мақомоти прокуратура ва прокурорҳо дар моддаҳои 4, 6, 10, 18, 19 ва 24- и лоиҳаи қонуни конститутсионӣ дарҷ гардида, ба моддаи 95-и Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии кишвар мутобиқ гардонида шудааст.
Ҳамзамон моддаҳои 36 ва 42 -и лоиҳаи қонуни мазкур штироки прокурорҳоро дар марҳилаҳои гуногуни маҷлисҳои судӣ зимни баррасии парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва иқтисодӣ мушаххас намуда, ба қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонида шудааст.
Дорои нишони фарқкунанда будани мақомоти прокуратураи кишвар дар моддаи 67-и лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дарҷ гардидааст. Нишони фарқкунандаи мақомоти прокуратураро прокурори генералӣ пешниҳод менамояд ва он аз ҷониби Президенти кишвар тасдиқ мешавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






