Тағйиру иловаҳо ба қонуни ҳуҷҷати электронӣ
Душанбе, 19.12.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» тағйиру иловаҳо ворид намуданд.
Лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби гурӯҳи кории байнидоравӣ бо мақсади татбиқи «Барномаи ҷорӣ намудани системаи равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки соли 2010 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, таҳия гардид.
Неъматбой Раҳматов -муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди ҳукуматӣ ҷумҳурӣ лоиҳаи қонуни мазкурро дар назди вакилони палатаи поёнии Парлумон тавзеҳ дода гуфт, ки ҳадафи асосии он такмили низоми амалкунандаи ҳуҷҷатгузории электронӣ ҷиҳати ташаккули системаи муосир ва самараноки мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳост. Тағйиру иловаҳо 20 моддаи лоиҳаи қонуни мазкурро фаро гирифта, моддаи 11-и лоиҳаи қонун дар таҳрири нав пешниҳод шудааст, ки тибқи он ҳуҷҷати электронӣ дар сурате ба имзорасида эътироф мешавад, ки агар ҳангоми ба имзо раисдани он имзои электронӣ ё дигар воситаҳои ҳаммонандсозии мураттиб, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд, истифода шуда бошанд.
Инчунин барои аз байн бурдани гуногунфаҳмиҳо ҳангоми истифодаи ҳуҷҷатҳои электронӣ тавассути системаҳои иттилоотӣ, моддаи 18 эзоҳи 1 илова шудааст, ки он замон ва макони ирсол ва қабули ҳуҷҷатҳои электрониро муқаррар менамояд.
Моддаи 16 эзоҳ 1 -и лоиҳаи қонун меъёрҳои марбут ба омода намудан, барасмиятдарорӣ, нигоҳдорӣ ва гардиши ҳуҷҷатҳои электрониро, ки дорои аҳамияти муҳиманд, ба танзим медарорад.
Аз лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» масъалаҳои вобаста ба истифодаи имзои электронӣ хориҷ шудаанд. Ин тадбир бо мақсади аз байн бурдани номувофиқатӣ ва такроршавии меъёрҳо, мутобиқ намудани қонуни мазкур ба дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда андешида шудааст, зеро то ҷое мусаллам аст, масъалаҳои марбут ба имзои электронӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи имзои электронӣ» дарҷ гардидаанд.
Лоиҳаи қонуни мазкур, ки бо вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ мувофиқа шудааст, барои рушди технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар кишвар шароити мусоидро фароҳам меорад.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






