Тақдими мақоми ифтихорӣ ба Бароат Ҳоҷибоева
Душанбе, 24.12.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Аз ҷониби Донишгоҳи байналхалқии славянии ба номи Г. Р. Державин ба устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Бароат Ҳоҷибоева унвони «Профессори ифтихорӣ»-и донишгоҳи мазкур дода шуд.
Дар дипломи «Профессори ифтихорӣ» зикр гардидааст, ки ин қадршиносӣ ба хотири рушди робитаҳои адабӣ ва тарғиби фарҳангу адабиёти русӣ тақдим гардидааст. Ин унвони баланд дар яке аз ҷаласаҳои Шӯрои олимони Донишгоҳи байналхалқии славянии ба номи Г. Р. Державин муаррифӣ гардида, зери он ректори Донишгоҳи номбурда К. Смирнов имзо гузоштааст.
Гуфта мешавад, ки Бароат Ҳоҷибоева муаллифи китобҳои зиёд ва беш аз 150 асари илмӣ-методӣ оид ба масъалаҳои робитаҳои адабии русу тоҷик мебошад. Аз ҷумла асарҳои ӯ «Пушкин ва Шарқ», «Кишвари нилгуни Фирдавсӣ», (ҳар ду китоб бо ҳаммуаллифии профессор Матлуба Ҳоҷаева), «Тоҷикистон дар асарҳои Борис Пилняк», «Иван Бужин ва адабиёти Шарқ», «Абдураҳим Ҳоҷибоев: Саҳифаҳои умри кӯтоҳ» ва ғайраҳо мебошанд.
Дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ин муждаи нек иттилоъ дода шуд.
Дар ин бора ба мо аз Маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳ иттилоъ доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






