Тақсими маводи сӯхт ба шахсони ниёзманд
Хуҷанд, 12.12.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).- Ҳокимияти маҳаллии шаҳри Хуҷанд баҳри дастгирии аҳолии ниёзманд ҳамаҷониба тадбирҳои амалӣ меандешад.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз дастгоҳи раиси шаҳр иттилоъ доданд, тибқи дастуру супориши Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон, шахсони бесарпаноҳмонда, камбизоат ва ниёзманд ҳамеша зери таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қарор доранд. Мувофиқ ба маълумоти манбаъ ва мутобиқ бо супориши раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода баҳри таъмин намудани ин табақаи эҳтиёзманди шаҳр бо сӯзишворӣ дар фасли сардӣ аз ҳисоби мақомоти шаҳр ба 36 оилаи камбизоату бесарпаноҳмонда ва иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ангиштсанг ройгон тақсим гардид.
То имрӯз бо назардошти талаботи оилаҳои мазкур дар мавсими сардӣ зиёда аз 10 тонна ангишт тақсим шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






