Тақвими бозиҳои Ҷоми АФК-2015 тасдиқ шуд
Душанбе, 15.12.2014. (АМИТ “Ховар”. Ситораи Боймурод).-Конфедератсияи футболи Осиё тақвими бозиҳои даври гурӯҳии Ҷоми АФК-2015-ро тасдиқ кард. Тавре ки дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст, тақвими бозиҳои даври гурӯҳии Ҷоми АФК-2015, ки дар он «Истиқлол”-и Душанбе қаҳрамони Тоҷикистон тасдиқ шуд. Гуфта мешавад, ки «Истиқлол» ба даври гурӯҳии мусобиқа аз бозӣ дар майдони худ муқобили «Эрбил”-и Ироқ, финалисти мусобиқаи порсолаи Ҷоми АФК шурӯъ хоҳад кард. Ин бозӣ 25-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Бозии хотимавии «Истиқлол” дар майдони худ бо ғолиби плей-оффи 1 — ё «Фанҷа»-и Уммон ё «Аҳал»-и Туркманистон ё «Дордой»-и Қирғизистон- 13-уми май доир хоҳад шуд.Дастаи «Хайр»-и Ваҳдат, ҷоизадори нуқраи мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии Тоҷикистон, дар мавриди пирӯзӣ дар даври аввали плей-офф бозиашро дар марҳилаи гурӯҳӣ дар меҳмонӣ бо тими «Ал-Ваҳдат» ё «Зат Рас»-и Урдун 24-уми феврал шурӯъ мекунад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






