Тақвияти ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо кишоварзон

Декабрь 5, 2014 09:11

 
Душанбе, 5.12.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирӯз дар Вазорати кишоварзӣ мулоқоти вазир Қосим Роҳбар бо сафири нави Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳидает Бишчевич баргузор гардид.
Баъд аз пазироӣ ва табрики сафир бо ин таъйинот, вазир аз вазъи кунунии соҳаи кишоварзии Тоҷикистон, муносибот бо кишварҳои ҳамкор барои рушд ва хусусан Иттиҳоди Аврупо сухан ронда, аз муваффақиятҳои бадастомада ва мушкилоти мавҷуда ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо ба ҳайати Созмони Ҷаҳонии Савдо ворид гардида, ҳоло дар ҳамкорӣ бо мутахассисони байналмилалӣ қонуну санадҳои ҳуқуқиву меъёрии худро ба талаботи ин ташкилоти бонуфуз мутобиқ мегардонад.  Ҳамзамон вазир таъкид намуд, ки соли 2012 дар якҷоягӣ бо тамоми намояндагони ташкилоту созмонҳои байналмиллалии дар қаламрави Тоҷикистон амалкунанда «Барномаи ислоҳоти соҳаи аграрии ҶТ барои солҳои 2012-2020» таҳия ва қабул гардид, ки дар татбиқи он барои се соли аввал панҷ самти афзалиятнок  муайян гардидааст. 
Сафир пешниҳодҳои вазоратро ба талаботи Иттиҳоди Аврупо мутобиқ арзёбӣ намуда, зикр кард, ки барои солҳои минбаъда то соли 2020 нақшаи маблағгузории ин иттиҳод ба Тоҷикистон тарҳрезӣ шуда, аз тариқи грантӣ ва қарзҳои имтиёзнок барои соли оянда дар ҳаҷми 51 млн. евро ва соли 2016 45 млн. евро ба соҳаи аграрӣ интиқол хоҳад ёфт.
 
 
 

Декабрь 5, 2014 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд