Таҳқиқоти сатҳи зиндагӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 12.12.2014. (АМИТ Ховар, Зарангези Латиф).- Таълимоти пешниҳодшудаи миллии арзёбии камбизоатӣ ба таҳқиқоти буҷети хонавода (ТБХ) асос ёфта, аввалин таълимотест, ки ба кишвар тааллуқ дорад,- зикр гардид дар конфронси байналмилалӣ, ки имрӯз дар Душанбе доир гардид.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки солҳои пеш, яъне аз соли 1999 то 2009, сатҳи камбизоатиро дар Тоҷикистон бо истифода аз таҳқиқоти сатҳи зиндагӣ дар Тоҷикистон (ТСЗТ) муайян мекарданд. Аммо ин ду воситаи арзёбӣ, яъне ТБХ ва ТСЗТ аз тарҳҳои мухталифи таҳқиқот истифода мебаранд, аз ин рӯ маълумоти ба даст омадаро наметавон муқоиса намуд.
«Талошҳои Тоҷикистон дар қабули таълимоти миллии арзёбии камбизоатӣ, ки маҳсули меҳнати чандинсолаи ҳукумат, коршиносони миллӣ, марказҳои таҳлилӣ ва дигар тарафҳои манфиатдор дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ маҳсуб меёбанд»,- гуфт мудири Бонки ҷаҳонӣ оид ба таҷрибаи камбизоатӣ дар Аврупо ва минтақаи Осиёи Марказӣ Каролина Санчез-Парамо.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






