Таҳсили донишҷӯён дар хориҷа: оё ҳама бармегарданд?

Декабрь 9, 2014 11:27

Душанбе, (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ҳамасола аз 50 то 100 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода мешавад. Ба гуфтаи котиби матбуоти Вазорати маориф ва илми кишвар Эҳсони Хушбахт: «Дар соли хониши 2014-2015 Муассисаи давлатии Маркази барномаҳои байналмилалӣ 71 нафарро дар хориҷи кишвар тибқи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» ба таҳсил фаро гирифта, аз ин теъдод 5 нафар ба Лаҳистон (Полша) ва 1 нафар ба Маҷористон (Венгрия), 2 нафар ба ИМА, 2 нафар ба Македония, 2 нафар ба Туркия тибқи стипендияи мазкур фиристода шуд. Дар соли таҳсили 2014-2015 дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар 3685 (соли 2013 беш аз 2400) шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шуд».Самти дигари фаъолияти раёсати муносибатҳои байналмилалӣ аз таъмини таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин масъала иҷрои босуботи ҳамасола дошта, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартномаҳои мавҷуда мукаммал иҷро мегардад. Ҳар сол ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи созишномаҳои дуҷониба ба якчанд кишвар бурсияҳои таҳсилӣ ҷудо менамояд, аз ҷумла: ба Ҷумҳурии Исломии Эрон — 50 ҷой, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 50 ҷой, Ҷумҳурии Қазоқистон 100 ҷой, Ҷумҳурии Қирғизистон 55 ҷой, Ҷумҳурии Турманистон 10 ҷой ва аз соли 2013 ин ҷониб ба Ҷумҳурии Беларус — 8 ҷойи таҳсил ҷудо менамояд. Солҳои охир теъдоди шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар тибқи бурсия шомил мегарданд, меафзояд. Агар соли 2010 шумораи онҳо 618 нафар, соли 2011 — 1211, соли 2012 — 1269 нафар, соли 2013 — 2354 нафарро ташкил дода бошад, соли 2014 ин шумора ба 3685 нафар расидааст. Аз ин ҷо суоле ба миён меояд, ки оё ҳамаи он нафароне, ки аз буҷаи давлат барои таҳсил ба макотиби олии хориҷа мераванд, ба ватан бар-мегарданд ё не.Дар робита ба ин Саодат Гадоева, муовини директори Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфт: «Ҳар сол қариб 20-30 нафар донишҷӯ аз ҳар давлати хориҷӣ донишгоҳу донишкадаҳоро хатм намуда ба ватан бар мегарданд». Аммо миёни шаҳрвандони мамлакат сару садоҳое ҳастанд, ки гӯё бисёре аз донишҷӯён баъди хатми макотиби олии хориҷ аз кишвар, ки тибқи квотаи Президентӣ роҳхат гирифта, барои таҳсил мераванд, ба ватан бар намегарданд.Ин дар ҳолест, ки Вазорати маориф ва илми кишвар ба ин ақида тамоман норозӣ буда, барнагаштани донишҷӯёнро аз хориҷи кишвар рад мекунад.Ба гуфтаи Саодат Гадоева Маркази барномаҳои байналмилалӣ бо ҳамаи донишҷӯёне, ки ба хориҷа фиристода мешаванд, шартномаҳои сеҷониба мебандад: байни донишҷӯ, падару модари ӯ ва марказ, то ки онҳо баъди хатми донишгоҳ баргашта, лоақал 5 сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намоянд.Тавре ки Саодат Гадоева зикр намуд, ҳастанд донишҷӯёне, ки аз хориҷи кишвар баъди хатми макотиби олӣ барнамегарданд, агар тибқи квотаи ҷудонамудаи ҳамон давлате, ки дар он таҳсил мекунанд, ба кор таъмин гарданд, яъне берун аз барномаи мазкур. Барои мисол агар тибқи квотаи Федератсияи Русия дар донишгоҳҳои Русия таҳсил намуда, маблағгузорӣ шаванд, дар он сурат метавонанд дар он ҷо дар оянда фаъолият кунанд. Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки донишҷӯёне, ки тибқи стипендияи «Дурахшандагон» дар хориҷи кишвар таҳсил менамоянд, ҳатман ба ватан бармегарданд.Аммо Сафар ном шаҳрванди кишвар, ки бахши ҳуқуқи Донишгоҳи муосири гуманитарии Маскавро хатм кардааст, мегӯяд, ба ватан баргаштанӣ нест, зеро дар Маскав ҷойи кор ва маоши хубро соҳиб гаштааст.Амрохон Алиев, сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми кишвар дар робита ба ин масъала гуфт: «Ҳар як донишҷӯе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил кардааст, ба ватан бар мегардад, зеро барои ҳар як нафар Ватан азиз аст».Зебо ном донишҷӯдухтар, ки факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Қазоқистонро хатм кардааст, дар айни ҳол дар Донишкадаи тиҷорати Тоҷикистон барои тахассуси дуюм таҳсил дорад ва ӯ ояндаи хешро дар Тоҷикистон мебинад, на дар кишвари бегона. Ӯ меафзояд, ки дар оянда ният дорад, ки дар ватани хеш фаъолият намуда, ширкати шахсии хешро боз намояд.Тавре ки аз суҳбат бо ҷавонони дар хориҷ таҳсил намуда бармеояд, аксари онҳое, ки аз ҳисоби буҷаи худ ё аз буҷаи ташкилотҳои хориҷӣ барои таҳсил мераванд, дар оянда ба ватан баргаштан намехоҳанд. Аммо бояд дар назар дошт, ки Давлату Ҳукумати Тоҷикистон тамоми шароитро имрӯзҳо барои соҳаи маориф муҳайё менамояд, то ки мутахассисони болаёқат дар ҳар соҳа омода гарданд ва барои пешрафти мамлакат хизмату мусоидат намоянд. Ҳар як шаҳрванди тоҷик агар қадру манзалати Ватану ватандориро дарк карда тавонад, бояд ҳатман баҳри ободию беҳбудии кишвари худ саъю кӯшиш намояд, таҷрибаи дигар давлатҳоро омӯхта, ба насли ҷавони миллати хеш омӯзонад.

Декабрь 9, 2014 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат: «Ҳамеша шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу субот ва зиндагии орому осудаи худро ба ҷо оварем»
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Сергей Лебедев: «Қазоқистон аввалин мизбони Форуми волонтёрони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегардад»
Сардори Хадамоти алоқа бо фаъолияти ширкати «МегаФон Тоҷикистон» шинос шуд
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН. Наврасони Душанбе худро ситораи футбол эҳсос карданд
Имрӯз дар дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар баъзе аз хоҷагиҳои таҷрибавии шаҳри Ҳисор риоя нагардидани қоидаҳои агротехникаи парвариш мушоҳида мегардад
Дар шаҳри Истанбули Туркия гӯшаи миллии Тоҷикистон ташкил карда шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Барои масъулини бахши молиявии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон машварати омӯзишӣ оғоз гардид
Маркази миллии тестӣ ба кадом гурӯҳи довталабон имтиёз медиҳад?
Садҳо нафар варзишгарони навраси ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба майдонҳои футбол баромаданд