Таҷлили ҷашни «Гулшан» дар Маскав
Душанбе, 02.12.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар ҳошияи барномаҳои фарҳангӣ бахшида ба ҷашни нимасраи таъсиси ансамбли овозадори «Гулшан» дар яке аз толорҳои муҳташами Маскав ҳамоиш ва консерт ба ёдбуди ситораҳои ҳунари эстрадӣ Хурмо Ширинова, Муборакшо Мирзошоев ва Наргис Бандишоева баргузор гардид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сафорати ҶТ дар ФР, дар оғоз як филми кӯтоҳмуддат ба намоиш гузошта шуд, ки дар асоси наворҳои солҳои пешин аз рӯзгору фаъолияти ин се ситора ҳикоят мекард.
Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов дар ҳамоиши ҳамватанон гуфт, ки аз солҳои пешине, ки таронаҳои ин овозхонҳо мавриди назари аксари ҷавонону наврасони давр қарор доштанд, хотираҳои рангин дорад: «Дар оҳанги ин таронаҳои ширин як насли давру замон бузург шуд, инҳо маҳбуби дилҳо буданд. Басо рамзист, ки имрӯзҳо овозхонҳои дигар таронаҳои Хурмову Муборакшову Наргисро дубора замзама мекунанд. Фарҳанг ва ҳунар яке аз василаҳои пояндадошти миллат ва арзишҳои он ба шумор меравад. Шодем, ки ҳолиё дар пойтахти кишвари рус, ҳазорҳо фарсах дур аз Ватани азиз мусиқиву оҳангҳои дилнишини тоҷикӣ садо медиҳанд. Мо тоҷикон дар кӯлвори фарҳангу санъати хеш басо чизҳои наҷибе дорем, ки дар Русия, чуноне, ки ман дар Олмон низ таҷруба кардаам, метавонад истиқболи гарму самимӣ дарёбад. Биёед якҷо бошем, аз фарҳангу санъати хеш ифтихор намоем ва дар баланд бардоштани номи миллату меҳан талош варзем!»- гуфт сафир.
Ин суханони сафири кишварро Алимамад Боймамадов, раиси ҷамъияти тоҷикистониён тақвият дода гуфт, ҳоло рӯйи саҳна ҳунармандоне меоянд, ки садои эшон ягон сарҳаду монеаҳоро намешиносад, ҷаҳон аз ҳунари волои эшон истиқбол мекунад.
Овозхони гурӯҳи «Авесто» Таҳмина Рамазонова, ки воқеан бо як сабки тозаи омехтаи шарқу ғарб мехонад, ҳунармандони гурӯҳи «Ғарибон» ва дигарон рӯйи саҳна омада, барномаи ҷолиби консертӣ нишон доданд.
Аммо барои аҳли толор ҳадяи беҳтарин- ҳунарнамоии гурӯҳи «Baraka», ки аз Латвия даъват шудаанд, буд, ки аз ҷой бархоста, ба ҳунари эшон каф мекӯфтанд. Ин гурӯҳи ҳунармандон аз яке кишварҳои Аврупои Шарқӣ бо таронаҳои тоҷикӣ ва оҳангҳои дилпазири мо дар ҷаҳон маъруф гаштаанд. Роҳбари гурӯҳи «Baraka» Дмитрий Евсиков гуфт, барои онҳо мояи ифтихору сарбаландист, ки ба забони тоҷикӣ-форсӣ суруд мехонанд. «Бо тамоми ҳастӣ дар хидмати фарҳангу ҳунари Тоҷикистон камар бастаем»-таъкид намуд ӯ.
Ин чорабинии фарҳангӣ, ки бо ташаббуси ҷомеаи тоҷикистониён- зодагони Бадахшон ва дастгирии Сафорати Тоҷикистон дар Русия баргузор шуд, басе хотирмон гузашт.
Аммо муҳимтарин нукта он аст, ки эҳсос мешавад тоҷикистониён баъди солҳои зиёди муҳоҷират, кору иқомат дар кишвари рус, бахусус баъди бароварда намудани эҳтиёҷоти моливу иҷтимоии хеш, ба ғизои маънавӣ рӯйи ниёзи бештаре меоранд. Яъне, ҷамъияти миллии мо аз доираи муҳоҷирати меҳнатӣ оҳиста-оҳиста берун омада, ба сатҳи дигар, зинаи ташаккул ва пешрафт наздик мешавад. Бинобар ин, Сафорати Тоҷикистон, бахусус сафири тозатаъйини кишвар, ки таҷрибаи бойи корӣ дар Аврупоро дорад, ба ин нуктаҳо таваҷҷуҳи бештаре медиҳад.
Сафири кишвар Имомуддин Сатторов дар тӯли сафарҳои ахираш ба Санкт-Петербург, вилояти Свердловск, кишвари Краснодар ва ҳар куҷои дигаре, ки бо ҳамватанон мулоқот дорад, ҳамин нуктаҳоро таъкид менамояд.








Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1245 сомонӣ муқаррар шудааст
Иштирокдорони Форуми XI байналмилалии «Кӯдакони Иттиҳод» дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ меҳвари асосии худшиносӣ ва кафили соҳибихтиёрии давлат аст
Дар шаҳри Турсунзода байни духтарон эстафетаи футбол, машқҳои шавқовар ва озмунҳои гуногун доир карда шуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бо натиҷаҳои татбиқи лоиҳаҳои Барномаи рушди СММ дар вилояти Суғд шинос мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ оид ба риояи талаботи бехатарии саноатӣ машварат доир намуд






