Таҷлили иди касбӣ
Душанбе, 08.12.2014. (АМИТ «Ховар»).- 5 декабр Дастаи милисаи таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ 19 — умин солгарди ҷашнвораи худро таҷлил намуд.
Назар ба хабари ВКД ҶТ, дар маҷлиси ботантана вазири корҳои дохилии ҶТ Раҳимзода Рамазон Ҳамро, роҳбарияти раёсатҳо ва ҳайати шахсии таъйиноти махсуси мақомоти корҳои дохилӣ, собиқадорони хадамот ва меҳмоноти дигари расмӣ ширкат доштанд.
Рамазон Раҳимзода ҳамаи кормандони ҷузъу томи таъйиноти махсуси ВКД — ро, ки ба таъмини суботу оромии кишвар, муборизаи зидди ҷинояткорӣ ҳисса гузоштаанд, муборакбод карда, ба онҳо дар иҷрои вазифаҳои хидматиашон ва муваффақиятҳо орзу кард.
Зикр шуд, ки кормандони Дастаи милисаи таъйиноти махсуси ВКД дар оянда ҳам ба қасами ҳарбӣ содиқ буда, ба Ватан поквиҷдонона хидмат мекунанд.
Бархе кормандони ҷузъу томи таъйиноти махсуси ВКД вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва минтақаи Рашт барои хидмати поквиҷдонона, маҳорати баланди касбӣ, ҳамчунин ба ифтихори рӯзи таъсисёбии Дастаи милисаи таъйиноти махсус бо фармони вазхири корҳои дохилии ҶТ бо нишонҳои сарисинагӣ ва мукофотҳои пулӣ қадр карда шуданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






