Таъиноти кадрӣ
Душанбе, 2.12.2014 (АМИТ «Ховар»).- Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як қатор кадрҳои ба вазифаҳои нав таъиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт. Зимни тағйироти кадрӣ раиси шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва раисони шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Қайроққум, Конибодом, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Мастчоҳи вилояти Суғд ва ноҳияҳои Вахшу Носири Хусрави вилояти Хатлон иваз карда шуданд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз мушкилу монеаҳои мавҷуда дар роҳи рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои ҷумҳурӣ, иҷрокунандаҳои нави вазифаҳои раисони шаҳру ноҳияҳои номбурдаро ба кори софдилонаю содиқона ва хизмати бомасъулият ба мардум ҳидоят намуд.Тавре таъкид гардид, дастгирии соҳибкории хурду миёна, мусоидат ба рушди бомароми кишоварзӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, афзун намудани нишондодҳои истеҳсолию содиротӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ аз вазифаҳои муҳимтарини роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо аст.Ҳамин тариқ, Қиматгул Алибердиева иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шуд. Раиси собиқи ин шаҳр Фаромуз Имомбердиев ба вазифаи машваратчии шуъбаи амнияти ҷамъиятии дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда шуд.Ҳамчунин таъин карда шуданд:- Худойназар Амонзода — иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд;- Матлубахон Сатториён — иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд;- Ғайбулло Боҳиров — иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Конибодоми вилояти Суғд;- Маҳмадҷобир Ризоев — раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд;- Ғайрат Азизов — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд;- Шарбатулло Девонаев — раиси ноҳияи Вахши вилояти Хатлон;-Рамазон Оймаҳмадов — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






