Таъиноти кадрӣ дар ВКД ҶТ
Душанбе, 22.12.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- 20 декабри соли ҷорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаҳои роҳбарикунандаи Вазорати корҳои дохилӣ полковник Муҳаммадзода Хуршед Изатулло — фармондеҳи Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ва полковники хизмати дохилӣ Мамадов Нозим Иброҳимович — сардори Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд.
Назар ба иттилои ВКД ҶТ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат кадрҳои ба вазифаҳои нав таъйиншударо ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан, давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва муомилаю муоширати сазовор бо мардуми ҷумҳурӣ ҳидоят намуд.
Сипас вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро шахсони ба вазифаҳои роҳбарикунандаи Вазорати корҳои дохилӣ нав таъйиншударо ба сардорони раёсатҳои мақомоти корҳои дохилӣ муаррифӣ намуда, зикр кард, ки онҳо мутахассиси соҳаи худ буда, тӯли фаъолияти хизматии хеш худро ҳамчун корманди касбӣ нишон додаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






