Таъминоти об ва беҳдошт дар Тоҷикистон
Кӯлоб, 4.12.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Дар шаҳри Кӯлоб муаррифии лоиҳаи «Таъминоти об ва беҳдошт дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии рушд ва ҳамкории Швейтсария (SDC) маблағгузорӣ мешавад, баргузор гардид. Ҳадафи маросими муаррифии лоиҳа муайян кардани асосҳо ва таъмини ҳамкорӣ миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кўлоб ва барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар масъалаи беҳдошти ҳолати таъминоти об дар ҷамоатҳои деҳоти Кўлоб буд.
Зикр гардид, ки дар чаҳорчӯби лоиҳаи мазкур, ки аз ҷониби ташкилоти ОКСФАМ ва БРСММ амалӣ хоҳад шуд, таъминоти оби нўшокии ҷамоатҳои деҳоти шаҳри Кўлоб дар назар дошта шудааст. Муҳлати иҷрои барномаи мазкур се солро дар бар гирифта, барои амалӣ гаштани он дувуним миллион сомонӣ ҷудо гаштааст. Дар паи амалишавии лоиҳаи мазкур бештар аз 4500 нафар ба оби ошомиданӣ дастрасӣ пайдо мекунад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






