Таъмири хонаи бачагон дар Фархор
Фархор, 6.12.2014 (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Дар хонаи бачагони ноҳияи Фархор 120 нафар наврас ба тарбия фаро гирифта шудааст ва барои беҳтар намудани шароити зисти онҳо аз моҳи октябри соли 2013 бо маблағгузории дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби ду корхонаи сохтмонии маҳаллӣ- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сайёр» ва «Суғдиён » бо харҷи умумии 1 миллиону 535 ҳазор сомонӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо хатти озоди барқ таъмин шуд.
Зикамоҳ Назирмадова, директори хонаи бачагон гуфт, ки аз ҳамин ҳисоб инчунин биноҳои ёрирасон сохта ва қисми дигар аз нав таъмир гардиданд. Барои беҳтар шудани шароити маишии тарбиятгирандагон дирексия ба маблағи 211 ҳазор сомонӣ кату рахтҳои хоб, ҷевону мизу курсӣ барои 120 нафар дастрас ва дар хобгоҳи мактаб муҷаҳҳаз гардонид. Дар хонаи бачагон устохона ва синфхонаи дӯзандагӣ фаъол гардонида шудааст ва аз ин пас тарбиятгирандагон имкон доранд, ки дар баробари таҳсил ба касбомӯзӣ низ машғул шаванд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






