Таркиши мудҳиш дар Нигерия
Душанбе,23.12.2014. (АМИТ «Ховар».-Иброҳими Ҳабибуллоҳ).-Шаби гузашта дар штати Гомбеи қисми шимолу шарқии Нигерия таркиши мудҳиш ба амал омад. Дар ҷои ҳодиса 20 нафар ба ҳалокат расида, чанд каси дигар захми гуногуни ҷисмонӣ бардошт. То кунун ягон гурӯҳ ё шахс худро дар анҷом додани ин амали террористӣ масъул эълон накардааст. Мувофиқи иттилои Созмони Милали Муттаҳид дар Нигерия шурӯъ аз соли 2009- ум то инҷониб зимни амалҳои террористӣ 10 ҳазор нафар қурбон шуда, 650 ҳазор нафари дигар манзили зисти худро тарк гуфтааст.
Душанбе,23.12.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дар бандаршаҳри Мурорани наздисоҳилии ҷазираи Хоккайдои Япония киштии боркашонии «Тиэ-мару» ба фалокат дучор омад. Гуфта мешавад, ки дар дохили киштии боркашонӣ тақрибан 6 ҳазор тонна маводи сӯзишворӣ нигоҳ дошта мешуд. Ба гуфти роҳбари кормандони Хадамоти наҷотдиҳӣ аз номусоидии вазъи ҳаво ва боришоти зиёди барф сарнишини киштӣ имконияти пеши роҳро дидан надошта, ба фалокат дучор омадааст.
Душанбе,23.12.2014. (АМИТ «Ховар»).-Дар амалиёти густурда низомиёни покистонӣ, ки чанд моҳ боз дар минтақаҳои гуногуни кишвар ҷараён дорад, махфигоҳҳои зеризаминӣ ва анборхонаҳоеро, ки дар онҳо муҳимоти тарканда сохта мешуд, дарёфт ва мусодира намуданд. Қобили зикр аст, ки дар зарфи як сол наздики 50 ҳазор сокини осоиштаи кишвар дар ин гирудорҳои мусаллаҳона ҷон бохтааст.
Душанбе,23.12.2014. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Би-Би-Си субҳи имрӯз дар шаҳри Фаллуҷаи Ироқ миёни хидматчиёни низомии кишвар ва ҷангиёни гурӯҳи ифротгарои «Давлати исломӣ» задухӯрди шадид ба вуқуъ омад. Дар вақти задухӯрд 13 нафар ба ҳалокат расид. Гуфта мешавад, ки шаҳри Фаллуҷаи Ироқ алҳол таҳти назорати гурӯҳи ифротгарои «Давлати исломӣ» қарор дорад. Қобили зикр аст, ки дар байни фавтидагон занону кӯдакон низ ҳастанд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






