Тарроҳони тоҷик дар Сингапур мӯди нав меомӯзанд
Душанбе, 01.12.2014.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Як ҳайати иборат аз тарроҳони либос ва омӯзгорони тарроҳӣ аз Тоҷикистону Қирғизистон имрӯз, 1-уми декабр боздиди якҳафтаинаи худро аз Сингапур оғоз кард.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Маркази тиҷорати байналмиллалӣ иттилоъ доданд, як гурӯҳ мутахассисони тарроҳии либос аз ду ҷумҳурии Осиёи Марказӣ рӯзҳои 1-6-уми декабр дар давраи омӯзишии “Мусоидат дар рушди маҳсулоти либосӣ” дар Сингапур иштирок мекунад. Ин сафар дар чаҳорчӯбаи барномаи “Тақвияти рақобатпазирии содиротии корхонаҳои хурду миёнаи соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ ва рушди тавоноии ниҳодҳои пуштибони тиҷорат дар Тоҷикистон” сурат мегирад. Барномаи мазкур аз ҷониби Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) амалӣ ва аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад.
Ҳадаф аз ин сафар тақвияти тавоноии ширкатҳо ва ниҳодҳои соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон дар арсаи тарроҳӣ мебошад. Дар ҷараёни сафар давраи омӯзишӣ, фаъолиятҳои таҷрибавӣ, боздидҳо аз студияҳои тарроҳӣ ва фурӯшгоҳҳои маъруф бо мақсади омӯзиш ва огаҳии бештар аз тарроҳии маҳсулот, рушди маҳсулот, ва роҳандозии истеҳсоли либосворӣ дар назар дошта шудааст. Наргиза Абдумаҷидова, ёвари миллии барномаҳои МТБ дар Тоҷикистон, ки ҳайатро дар ин сафар ҳамроҳӣ мекунад, мегӯяд: “Ин сафар ба намояндагони саноати нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистону Қирғизистон имкон медиҳад, то талаботи бозорро беҳтар фаҳманд ва барои рақобат дар бозору гуногунсозии содироти худ бештар омодагӣ гиранд.
Чаҳорчӯбаи ин сафар самтҳои калидии омӯзиш, пажӯҳиши бозор воситаи торнамоҳо, таҳияи девораву баргаҳои тарроҳӣ, муайян кардани навъҳои матоъҳо ва огаҳии бештар аз василаҳои ороишиву истифодаи онҳо дар тарроҳиро низ фаро мегирад”.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






