Ташрифи Иброҳимӣ ба Маҷмааи ваҳдати миллии Тоҷикистон
Душанбе, 4.12.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Дар нимаи дуюми 4 декабр Абдул Рауф Иброҳимӣ-раиси Вулуси ҷиргаи Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Маҷмаи ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, воқеъ дар майдони «Дӯстӣ»-и Душанбе ташриф оварда, ҳамчун рамзи эҳтиром ба таъриху тамаддуни миллати тоҷик дар пояи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ-нахустин асосгузори давлати тоҷикон гулчанбар гузошт.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ин маросим Абдул Рауф Иброҳимиро муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев ҳамроҳӣ кард.
Мавриди зикр аст, ки раиси Вулуси ҷиргаи Шӯрои миллии Афғонистон шоми 3 декабр бо даъвати Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як ҳайати баландпояи парлумонӣ озими Душанбе гардид.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






