Таъсиси Шӯрои волидайн дар Коллеҷи милитсияи ВКД
Душанбе, 19.12.2014.(АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-18-уми декабри соли ҷорӣ дар Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии курсантони коллеҷи мазкур бо падару модарон ва наздикон баргузор гардид.
ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ навтаъсис буда, тӯли се моҳ мешавад, ки фаъолият дорад. Дар коллеҷ зиёда аз 100 нафар таҳсил менамояд. Ба коллеҷи милитсияи ВКД аз ҳисоби ятимон, бепарасторон ва фарзандони кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳангоми адои вазифа фавтидаанд, 46 нафар баъд аз гузаштани муоинаи тиббӣ, супоридани озмоиши тарбияи ҷисмонӣ ва гузаштан аз суҳбат дохил шуд.
Ба ташаббуси садорати Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД ба Коллеҷи милитсия 800 адабиёти дарсӣ ва бо ибтикори Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ 200 дастуру адабиёти таълимӣ супорида шуд.
Зикр шуд, ки барои вайрон намудани интизоми хизматӣ аз коллеҷ 2 нафар курсант хориҷ шуд. Аз ин рӯ, барои пешгирии ин ҳолатҳо хуб мешуд, ки аз ҳисоби волидон Шӯрои падару модарон таъсис дода шавад,








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






