Таъсиси сомонаи интернетии “Ҷавонони Тоҷикистон”

Декабрь 22, 2014 15:25

Душанбе, 22.12.2014.(АМИТ «Ховар», Некрӯзи Муҳаммадсодиқ).-    Ҳафтаи равон Муассисаи давлатии рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” дар арафаи Соли нави масеҳӣ ва 85-солагии таъсис сомонаи интернетии худро бо нишонии www.javonon.tj таъсис дод. Он хабарҳои Тоҷикистону минтақа ва ҷаҳонро фаро гирифта, дар ибтидо бо забонҳои тоҷикию русӣ ба хонандагон пешкаш мешавад.
Тавре ки дар суҳбат  Самариддин Асозода, сармуҳаррири  ҳафтанома иброз дошт, яке аз ҳадафҳои асосии роҳандозии сомона фаро гирифтани бештари хонандагон мебошад. Номбурда афзуд: “Баъди соҳибистиқлол гардидани ҷумҳурӣ ҷавонони зиёд барои таҳсил ба хориҷа мераванд, инчунин қисми зиёди муҳоҷирони кории кишвар, ки асосан дар Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон фаъолият мекунанд, ҷавонанд. Ҳамчунин бо рушди технология имкони дастрасии интернет ба воситаи телефонҳои мобилӣ фароҳам омадааст. Бинобар ин, онҳо ба воситаи сомона аз навигариҳои кишвар ва дастоварду мушкили ҳамсолон имкон пайдо мекунанд пайваста хабардор гарданд”.
Тавре масъулони сомона иброз медоранд, ҳар як кори нахустин, ки роҳандозӣ мегардад, аз камбудӣ орӣ нест. Бинобар ин, онҳо аз хонандагону мутахассисон хоҳонанд, назари худро барои беҳбудӣ бахшидани кори сомона, ки аз 1 январи соли 2015 фаъол мегардад, дареғ надоранд.

Декабрь 22, 2014 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд