Тасвиби созишномаи ҳамкорӣ байни ВКД Тоҷикистону Афғонистон
Душанбе, 15.12.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ баргузор гардид, баррасӣ шуд. Дар ҷаласа ҳамзамон Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризм, ҷинояткории муташаккилона ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо ва дигар ҷиноятҳо, Созишнома оид ба ҳамкории гуногунҷабҳа байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Баҳрайн оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ, Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд (ҳамчун маъмури Барномаи «Фаел Хайр») вобаста ба татбиқи маблағгузории бебозгашти «Фаел Хайр» барои харидорӣ ва истифода намудани клиникаҳои сайёр дар деҳот дар доираи Барномаи «Фаел Хайр» оид ба таъсиси клиникаҳои сайёр дар баъзе давлатҳо ва ҷомеаи мусулмонӣ, Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромадҳо ва сармоя баррасӣ шуданд. Масъалаҳои баррасишуда барои тасдиқ ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум пешниҳод гардиданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






