Татбиқи ислоҳоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон
Душанбе, 11.12.2014. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).- Бо ибтикори вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Раҳбар имрӯз, 11 декабр, дар шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон ҷаласаи васеи корӣ барои татбиқи ислоҳоти аграрӣ баргузор мегардад. Тавре ки аз Вазорати кишоварзӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, барои татбиқи «Барномаи ислоҳоти аграрии соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2012 — 2020» шаш гурӯҳи корӣ аз қабили ислоҳоти аграрӣ, ислоҳоти замин, ислоҳоти бахши об, тарҳрезии механизми нав барои маблағгузории бахши аграрӣ, системаи идораи кишоварзӣ ва гурӯҳи оид ба тарҳрезии барномаи иҷтимоии деҳот таъсис ёфта буд. Дар ҷаласа якҷоя бо мушорикони бахши рушди кишоварзӣ корҳои минбаъда барои татбиқи ислоҳоти аграрӣ мавриди муҳокима қарор мегиранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






