Таътили хонандагон аз кай шурӯъ мегардад?
Душанбе, 29.12.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Бо мақсади ба низом даровардани таътил дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва таъмини беҳдошти саломатии хонандагон дар фасли тирамоҳу зимистон, шурӯъ аз соли 2010 фармоиши вазири маориф ба тасвиб расида буд, ки то ҳол хонандагон дар асоси он як моҳ ба таътил мебароянд. Бино ба иттилои Эҳсони Хушбахт, сухангӯи Вазорати маориф ва илми кишвар баҳри самаранок истифода бурдани вақти таътил аз ҷониби омӯзгорон ва хонандагон мутобиқи банди 49-и Низомномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои таътили тирамоҳӣ ва баҳорӣ барҳам дода шуда, давомнокии таътили зимистона чун ҳамасола аз 1-уми январи соли 2015 то 31-уми январи соли 2015 муқаррар гардидааст.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






