Таваҷҷуҳ ба забономӯзии муҳоҷирон
Душанбе, 11.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Тавре ки маълум аст, аз 1-уми январи соли 2015 ҳангоми воридшавӣ ба қаламрави Федератсияи Русия муҳоҷирони меҳнатӣ бояд дар мавриди донистани забони русӣ ҳуҷҷат пешниҳод намоянд. Ин водор месозад, ки ба масъалаи забономӯзонии онҳо диққати махсус дода шавад.
Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, бо назардошти ин нукта ҳафтаи сипаришуда бо ташаббуси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд дар литсейи касбӣ-техникии №56 масъалаи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Гуфта мешавад, ки дар машварат намояндагони маркази таълимии калонсолони шаҳри Хуҷанд, ноҳияи Ҷаббор Расулов, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, литсейи касбӣ-техникии сохтмонии шаҳри Хучанд андешаҳои худро баён намуданд.
Онҳо тасмим гирифтаанд, ки дар оянда шумораи курсҳои омӯзиши забони русиро зиёдтар намоянд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






