Тоҷикистону Маҷористон омодаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаанд
Душанбе,12.12.2014.(АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон). — Раиси ПСС Тоҷикистон Шариф Саид бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Чумҳурии Маҷористон дар Тоҷикистон Имре Ласлотски, Консули генералии Чумҳурии Маҷористон ҷаноби Ферентс Блауманн ва Президенти ширкати «KARVEN grouр» доктор Балиан Генрих мулоқот намуд.
Тибқи иттилои ПСС, мавзӯи гуфтушунид баррасии вазъи ҷорӣ дар доираи ҳамкориҳо дар соҳаи иқтисодӣ бо дурнамои рушди минбаъдаи он: гидроэнергетика, аз он ҷумла сохтмони НБО-ҳои хурду миёна, ҳамчунин дар соҳаҳои истихроҷи маъдан, хӯрокворӣ, сохтмон, нақлиёт, туризм ва тандурустӣ буд.
Зимни мулоқот ҳамчунин масоили ташкили дар сатҳи олӣ баргузор намудани бизнес форуми Тоҷикистону Маҷористон дар чаҳорчӯби ташрифи расмии дар пеш истодаи Президенти Чумҳурии Маҷористон Яноша Адера мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Маҷористон махсусан дар соҳаи гидроэнергетика таҷрибаи зиёд дорад,-гуфт сафир. Имре Ласлотски, — ҳамчунин омодагии Хукумати Маҷористонро барои расонидани кӯмак ва дастгирӣ дар рушд ва таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо Тоҷикистон баён намуд. Зикр гардид, ки Тоҷикистону Маҷористон омодаи ҳамкории бисёрҷонибаанд.
«Лоиҳаи Созишномаи байнипалатаҳо дар бораи ҳамкорӣ манзури ҳамтоёни маҷористонӣ карда мешавад», изҳор намуд Шариф Саид. Чонибҳо «ташкил намудани курсҳои соҳибкории кӯтоҳмуддатро бо иштироки мутахассисони Маҷористон, ҳамчунин имкони баргузории намоишгоҳи махсусгардонидашудаи маҳсулоти Маҷористон ва бизнес -форум бо иштироки ширкатҳои Маҷористону Тоҷикистонро дар Душанбе пешниҳод намуданд».








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






