Толори варзишӣ дар Ҳисор
Ҳисор, 30.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Корҳои ободонию созандагӣ ва омодагиҳо ба хотири сазовор пешвоз гирифтани ҷашни байналмилалии 3000 солагии Ҳисори бостон идома доранд. Дар ҳамин замина дар деҳаи Ғуриёти ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҳисор боз як иншооти наву замонавии ҷашнӣ қомат афрохт, ки он аз толори варзишӣ ва маркази фарҳангӣ иборат аст.
Толори варзишӣ дорои имконият ва шароити хуб буда, дар он ба роҳ мондани машқҳо аз намудҳои варзишӣ, даставию инфиродӣ, аз ҷумла гӯштин, таэквандо, бокс, футболи хурд ва баскетболу волейбол дар назар аст.
Инчунин шакл ва тарҳи маҷмааи бунёдшуда имкон медиҳад, ки дар он дигар намудҳои варзишӣ, зеҳнию шавқовар, аз қабили шоҳмоту шашка ва билярд низ ба роҳ монда шавад. Ба гуфти масъулин толори варзишию фарҳангӣ дар муддати кутоҳ ба таври ҳашари дастаҷамъӣ бо дастгирии соҳибкорону сокинони маҳалӣ ба истифода дода шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






