Туҳфаҳои солинавии ДМИТ ба ниёзмандон
Душанбе, 30.12.2014.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Ҳамасола бо фарорасии иду ҷашнҳо аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо ба ятимону бепарасторон расонидани кумак ба ҳукми анъана даромадааст. Вобаста ба ин Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони шунавоиашон суст ва деркаршудаи ноҳияи Рӯдакӣ туҳфаҳои солинавӣ дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ расонид.Аз раёсати донишкада муовини ректор оид ба тарбия Лутфия Абдухолиқзода ва Хуршед Насриддинов, раиси Иттифоқи касабаи кормандон хайрияи мазкурро ба ин табақаи ниёзманди ҷомеа, ки ба лутфу навозиш эҳтиёҷ доранд, супорида, дар базми солинавии эшон иштирок ва суханронӣ намуданд.Да ҷамъомад директори мактаб-интернати мазкур Мукаррама Неъматова барои дастгирӣ изҳори миннатдорӣ карда, афзуд, ки кормандони Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамеша ба тарбиятгирандагони дабистон кумакҳои моддиву маънавӣ расонда, дар ғаму шодии онҳо шариканд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






