Туҳфаҳои солинавии Президент ба мактаб-интернати Ёвон
Душанбе, 30.12.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ёвон бо фаъолияти муассисаҳои давлатии хонаи пиронсолону маъюбон ва мактаб- интернати ҷумҳуриявии кўдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат шинос шуда, ба бошандагон ва тарбиятгирандагони ин муассисаҳои иҷтимоӣ туҳфаҳои солинавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дастрас намуд.Кумакҳои солинавии Сарвари Давлат, аз қабили шириниҳо ва либосҳои зимистона дар навбати аввал ба 144 нафар бошандаи хонаи пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон расонида шуд.
Ҳачунин дар ин рўз аз кумакҳои солинавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 219 нафар тарбиятгирандаи мактаб-интернати ҷумҳуриявии кўдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат бархурдор гардид.
Тавре ки таъкид шуд, дар партави таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамаи табақаи эҳтиёҷманди аҳолии мамлакат аз кумаку дастгириҳои пайваста бархурдор буда, ба онҳо давра ба давра шароити зарурии зисту табобат ва таълиму тарбия фароҳам оварда мешавад. Дар ин рўз бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявии кўдакони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат дар ноҳияи Ёвон толори нави барҳавои варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






