Туҳфаи А. Қодирӣ ба К. Устопириён
Душанбе, 23.12.2014. (АМИТ “Ховар” Рафоати Абдулҳамид).- Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд ба Комроншоҳи Устопириён, чемпиони ҷаҳон дар риштаи дзюдо, варзишгари номии тоҷик ва ғолиби чандин мусобиқаи байналмилалӣ хонаи дуҳуҷрагӣ тақдим кард.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии раиси вилояти Суғд, раиси вилоят Комроншоҳ ва мураббии ӯро ба ҳузур пазируфта, гуфтааст, ин туҳфаи охирин набуда, дар дар оянда низ дар сурати ба даст овардани натиҷаҳои баланди варзишӣ тақдими туҳфаҳои аз ин ҳам қимматнок дар назар аст.
Комроншоҳи Устопириён соли равон ба даҳгонаи беҳтарин варзишгарони соли 2014 дар кишвар шомил шудааст.
Комроншоҳ соли 2010 унвони чемпиони ҷаҳонро ба даст оварда, то имрӯз 7 карат чемпиони ҷаҳон гаштааст. Танҳо дар давоми соли 2014 дар беш аз 10 мусобиқа иштирок намуда, дар аксари онҳо ғолиб омадаву ҷоиза ба даст овардааст.
Аз ҷумла паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалии Гран-прии дзюдо, ки рӯзҳои 10-12 октябр дар Остонаи Қазоқистон баргузор шуд, соҳиби медали тилло гардид.
Дар ин бора аз дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






