Туҳфаи солинавӣ ба мактаб- интернати Ёвон

Декабрь 18, 2014 09:37

Душанбе, 18.12.2014. (АМИТ “Ховар”, Зарангези Латиф).-Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи соли нави мелодии 2015 ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон мошини сабукрави тамғаи “Собол” ва яхдони ҷопонии тамғаи “Шарп” ва туҳфаҳои солинавӣ кумак кард.Ба ин муносибат дирӯз дар саҳни мактаб — интернати мазкур ҷамъомади хотирмон бо иштироки муовини вазири кишоварзӣ Ҷамила Саидова, раиси ноҳияи Ёвон Амирбеки Темур, муовинони раиси ноҳия ва масъулини раёсати кишоварзии ноҳия, омӯзгорону хонандагон доир гардида, хонандагони мактаб — интернат бо барномаи фарҳангии идона хотири иштирокчиёнро шод намуданд.Ёддовар мешавем, ки дар мактаб-интернати ноҳияи Ёвон 210 нафар хонандаи ятиму бепарастор таҳсил менамояд, ки 110 нафари он дар хобгоҳ истиқомат дорад. Дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ аз тарафи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактаб-интернати мазкур ба маблағи 13000 (сенздаҳ ҳазор) сомонӣ кумаки хайрия расонида шудааст.

Декабрь 18, 2014 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд