Вақти таъсиси Шӯрои соҳибкорони «Эрону Тоҷикистон» расидааст
Душанбе, 01.12.2014. (АМИТ «Ховар»).- Чанде пеш раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо сафири Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ мулоқот анҷом дод.
Назар ба хабари ПСС ҶТ, мусоҳибон масоили ҳамкории дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ ва дурнамои рушду густариши онро мавриди муҳокима қарор доданд.
«Муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Эрон, бидуни шубҳа, бояд ба сатҳи сифатан нав бароварда шаванд, — гуфт раиси ПСС ҶТ. Ин барои он муҳим аст, ки миёни давлатҳои бо ҳам дӯстамон умумияти таърихӣ, фарҳангӣ ва забонию динӣ вуҷуд дорад. Бинобар ин мо бояд барои рушди минбаъдаи ин муносибатҳо якҷоя саъю кӯшиш намоем».
Сафири Эрон таваҷҷӯҳро ба баланд бардоштани сатҳи минтақавии байни музофотҳои Эрон ва ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд ҷалб намуд.
Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ пешниҳоди раиси ПСС Тоҷикистонро дар бораи ривоҷу густариш додани муносибатҳои соҳибкорони Тоҷикистону Эрон дастгир намуда, иброз дошт, ки вақти таъсис додани шӯроҳои муштараки соҳибкорони «Эрону Тоҷикистон» ва «Тоҷикистону Эрон» расидааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






